Рӯзҳои 15-17 июл дар пойтахти Хорватия – шаҳри Загреб мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2022 баргузор гардид. Мутаассифона, ин мусобиқа низ барои ҷудочиёни тоҷик бидуни медал хотима ёфт. Дар ин мусобиқа ягона варзишгар Ҷаҳонгир Маҷидов рақобати қаноатбахшро нишон дод.
Ҷаҳонгир зери вазни (-90кг) ба рақобат пардохт. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро дар даври дуюм бо намояндаи Латвия – Алексей Зарудневс шурӯъ кард. Ҷудочии латвиягӣ ба хотири камфаъол буданаш бо се танбеҳ (шидо) мағлуб дониста шуд.
Маҷидов дар рақобати сеюмаш бо ҷудокори маъруфи сербӣ – Неманя Майдов қувваозмоӣ арзанда нишон дод. Дар вақти асосии ин ҷуфт ғолибро муайян карда натавонистанд ва кор ба вақти тиллоӣ “голден скор” расид. Дар вақти тиллоӣ Ҷаҳонгир бо иҷрои “косото гакэ” бар рақибаш пирӯз шуд ва ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт.
Мутаассифона, Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври 1/4 ниҳоӣ аз ҷудочии пурқуввати Бразилия – Рафаэл Маседо ва дар даври тассалобахш аз Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 Ноэл Ван`т Энди Ҳолланди ноком гардид аз ҳаққи мубориза барои медал маҳрум шуд. Ҳамин тариқ Zagreb Grand Prix 2022 барои ҷудочиёни тоҷик бо як ҷойи ҳафтуми Ҷаҳонгир Маҷидов ба охир расид.
Сорбон Амонуллозода