Аз 15-ум то 24-уми июл дар шаҳри Юҷини штати Орегони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук баргузор мешавад.
Мусобиқа аз рӯи 49-навъ (48-мусобиқа миёни мардон, 48-мусобиқа миёни бонувон ва 1-мусобиқаи омехта) баргузор мешавад. Дар ин чемпионат 1900-варзишгар аз 200-кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев аз рӯи варзиши дав ба масофаи 100-метр намояндагӣ мекунад. Мусобиқаи дав ба масофаи 100-метр миёни мардҳо дар Юҷин 15-ум 16-уми июл доир мешавад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Юҷин, ҳамчунин Конгресси Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ баргузор мегардад, ки дар он ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров иштирок менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба варзиши сабук 3-медал – 2-тилло ва 1-нуқраро ба даст овардааст. Медалҳои тиллоро соли 1993 дар Штутгарди Олмон ва соли 1995 дар Гетеборги Шведсия Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 дар Пекини Чин Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст овардаанд.