Воридоту содироти молу маҳсулот дар нимсолаи аввал чи қадар буд?

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дар нимсолаи аввали соли равон корҳои муайянеро ба анҷом расонида, гардиши мол бо давлатҳои хориҷи наздик 1 млрд 751,4 млн долларро ташкил додааст, ки баробари 47,2% аз гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ мебошад.

Тавре Малоҳат Тоҳирова хабарнигори радиои “Тоҷикистон” аз раванди нишаст хабар медиҳад, содирот 388.9 млн долларро ва воридот 1 362, 5 млн долларо ташкил додааст. Ба таъкиди сардори Хадамоти гумруки НҲ ҶТ Хуршед Каримзода гардиши мол бо давлатҳои хориҷи наздик нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 386,7 млн доллар ё 28,3% афзоиш ёфтааст.

Содирот бошад ба миқдори 148,8 млн доллар ё 62%, воридот ба маблағи 237,9 млн доллар ё 21,2% зиёд шудааст.