Тибқи Кодекси андоз дар таҳрири нав меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 фоиз то ба 15 фоиз кам карда шуд. Ҳарчанд барои андозсупорандагон ин дастгирӣ хуб аст, аммо ин ба ичрои накшаи пардохтҳои гумрукӣ таъсири бевосита дорад. Дар ин бора Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ ба суоли хабранигори радиои “Тоҷикистон” посух дод.
“Аз рўи хисобхои пешакие, ки аз хачми умумии гардиши молии соли 2021 хисоб карда будем, танҳо аз хисоби 3 фоиз кохиш ёфтани андозаи меъёри андоз аз арзиши иловашуда 780 млн сомонӣ кам маблаг ба буҷет ворид мегардад, зеро 77 фоизи хачми умумии пардохтхои гумрукӣ аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аст. Бинобарин аз ин хисоб маблағи камтар ба пардохти гумрукӣ равона карда шуданд. Лек агар ба натичахои нимсола таваҷҷуҳ намоем, дар ин давра аз ҳисоби иҷро гардидани нақшаи пардохти гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ ба маблағи 200,3 млн.сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид, ки асосан ин аз ҳисоби болоравии нархи молхои воридотӣ буд”- гуфт Хуршед Каримзода.
Ба ақидаи Хуршед Каримзода маъмурикунонии гумрукӣ, дуруст муайян кардани арзиши гумрукии мол ва воситаҳои наклиёти воридшаванда имкон доданд, то аз ҳолати мураккаб давр зада шавад.
Дар нишасти матбуотӣ хамчунин зикр гардид, ки пардохти гумрукии дукарата дар рўзҳои истироҳатӣ, ид ва баъди соати кориро бекор карданд, яъне акнун сохибкорон метавонанд новобаста ба вақти корӣ хамеша ҳангоми анҷоми расмиёти молҳои воридотӣ пардохти яккарата супорида, маблағҳои худро сарфа кунанд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон“