Ҷудочиёни тоҷик ба Zagreb Grand Prix 2022 сафарбар гардиданд

Рӯзҳои 15-17 июл дар пойтахти Хорватия шаҳри Загреб мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2022 баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 варзишгар намояндагӣ мекунад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

-60кг | Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-60кг | Муҳаммад Маҳмадизода
-66кг | Шаҳбоз Саидабуроров
-66кг | Алиҷон Сафаралиев
-73кг | Наврӯз Каримзод
-81кг | Шодмон Ризоев
-90кг | Ҷаҳонгир Маҷидов
-90кг | Комроншоҳ Устопириён.

Мусобиқа давоми 3 рӯз идома ёфта, ҳузури 548-варзишгар (315-мард ва 233-зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Дар ин мусобиқа варзишгарон дар баробари медалу туҳфаҳои пулӣ боз имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал – 700 имтиёз, ҷойи дуюм – 490 имтиёз ва ҷойи сеюм – 350 имтиёз дода мешавад.