Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуне омода гардид, ки дар сурати тасдиқи он аз сӯйи парлумони кишвар рӯзноманигирону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани иттилои бардурӯғ дар мавриди Артиши миллӣ муҷозот мебинанд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тарҳи нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст. Хабаргузории “Ховар” аз қавли масъулини ин ниҳод навиштааст, ки ин тарҳ ба хотири коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шудааст.
“Афзоиши шумораи хабарҳои бардурӯғи паҳншуда дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби баъзе кормандони ВАО ва дигар ашхоси дорои мақсаду нақшаҳои ғаразнок, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави мубориза бо чунин маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамояд”, – навиштааст ин расона.
Ин ниҳод раванди торафт паҳн шудани ҳар гуна иттилооти бардурӯғро дар миёни ҷомеа манфӣ арзёбӣ намуда, аз коста шудани эътимоду боварии мардум нисбат ба Артиши миллӣ изҳори нигаронӣ намудааст.
“Аз ин рӯ, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон масъалаи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар масъалаи коҳиш додани шиддати бадномшавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, ҳаматарафа дастгирӣ менамояд”, – гуфтааанд масъулини вазорати мудофиа.
Гуфта мешавад, тарҳи қонуни мазкур дар марҳилаи кунунӣ танҳо ҷорӣ кардани ҷарима ё ҳабси маъмуриро барои вайронкунандагони он пешбинӣ менамояд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳар мавсими даъвати сарбозон ба артиш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон ва одамрабоӣ сарусадо паҳн мегардад.