Истеҳсол ва фурӯши барқ дар шаш моҳ чи миқдор буд ва сохтмони ду неругоҳ дар Зарафшон кай оғоз мешавад?

Дар нимсолаи якуми соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 10 млрд 414,9 млн. кВт соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 341,6 млн.кВт соат зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ  дар ин нимсола ба 1 млрд.58,7 млн.кВт соат ё 426,2 млн.сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли гузашта 141,5 млн.кВт соат зиёд мебошад.

Воридоти маблағ аз ҳисоби содироти неруи барқ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 335,9 млн.сомонӣ ва аз Ҷумҳурии Узбекистон 30,3 млн.сомониро ташкил дод,- таъкид гардид аз ҷониби муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода дар нишасти матбуотии ин ниҳод.

Барои боз ҳам бештар намудани иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар кишвар сохтмони ду неругоҳи барқӣ-обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи аввали соли равон ҶСК «ТАУЗ ГИДРО» таъсис ёфта, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуд. Аллакай корҳои тадқиқотӣ дар неругоҳҳои рудхонаи Зарафшон оғоз гардидаанд.  Аввали моҳи август баргузории ҷаласа  бо шарикони рушд дар назар аст  ва ба истифода додани ин неругоҳҳо барои хар ду кишвар манфиатовар мебошад.

                              Шоистаи Аҳмад

                            радиои “Тоҷикистон”