Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хостори таъсиси корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.
Қарор аст рӯзҳои наздик созишнома ва Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расад.
Ин тасмим зимни мулоқоти вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон матраҳ гардидааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ, созишнома ва Ёддошти тафоҳум барои:
- таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли шарбати мева ва хушконидани мева бо мақсади содироти минбаъда ба Арабистони Саудӣ ё ба давлати сеюм;
- ҷалби сармояи бахши хусусии Арабистони Саудӣ, ташкил намудани гармхонаҳо, анбор ва сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот бо назардошти содирот ба Саудӣ;
- тақвият додани муносибот дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва содироти минбаъдаи асал ба Арабистони Саудӣ;
- ҳамкорӣ оид ба ҷалби сармоягузории мустақим дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии афзалиятнок ба имзо хоҳад расид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судманди соҳа ва дурнамои муносибот миёни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро баррасӣ кардаанд.
Каримзода гуфтааст, ки “ҳамкории мо дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта бошанд ҳам, мо ҷиҳати тақвияти онҳо ба манфиати мутақобила хоҳиши тарафайн ва иқтидори бузургро дорем”. Валид ибни Абдураҳмон ар-Ришайдон бошад, доир ба содироти молу маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз қабили сабзавот, меваҳои тару хушк ва чорво, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ҳавасмандии хешро иброз намудааст.