Ёде аз омилҳои ташаккули матбуоти солҳои 1920-1930

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ бо ибтикори Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – хонаи китоби Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Омилҳои ташаккули матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930” доир гардид. Дар мизи мудаввар Вазири фарҳанги ҶТ Зулфия Давлатзода,  профессорону номзадони илм ва намояндагони ВАО иштирок карданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода оғоз гардида, мавсуф дар суханронии худ нуктаҳои муҳим ва зарурии дар мизи мудаввар баррасишавандаро ёдовар шуда, қайд кард, ки ҷиҳозонидани Хонаи китоби Тоҷикистон бо техникаву технологияи нав аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Вазорати фарҳанг мебошад, ки аллакай татбиқи он дар доираи лоиҳаҳо дар назар аст.

 Дар мавзӯи “Замина ва омилҳои ташаккули матбуоти даврӣ дар солҳои сиюм” профессор Аъзамҷон Азимов маърӯза карда иброз дошт, ки матбуот дар ҳар давру замон оинаи ҷомеа аст, ки ҳаёт ва ҳаракати мардумро дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоӣ инъикос менамояд.

 Инчунин профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи ” Раванди ташаккули низоми матбуоти даврӣ дар солҳои 1920-1930 (дар мисолимаҷаллаҳо) ” маърӯза намуда, аз баъзе вижагиҳои матбуоти солҳои сиюми қарни гузашта ёдрас шуд.

 Бояд гуфт, ки ҳамзамон дар мавзӯъҳои “Баррасии истилоҳи “фолклор” дар матбуоти солҳои 20-ум ва 30-юми садаи 20″, “Нақши матбуот дар ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат” ва “Адабиёти бадеӣ дар рӯзномаи ” Бедории тоҷик ” аз ҷониби профессорону олимони соҳаи рӯзноманигорӣ маърӯзаҳо шунида  шуд. Зикр гашт, ки аҳамияти хосса зоҳир кардан ба ҳаёти фарҳангии гузаштагон ва омилҳои рушди соҳаҳои маданиву адабӣ барои ташаккули минбаъдаи давлату миллат нақши босазо мегузорад.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон