11 июни соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдурамонович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбекович ва Гулобов Ниёзшо Аслишоевич дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар доданд.
Саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Т.А., Шанбиев М.Н. ва Гулобов Н.А. як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ содир кардаанд.
Нисбат ба дастгиршудагон Аёмбеков Т.А., Шанбиев М.Н. ва Гулобов Н.А. тафтишоти пешакӣ идома дорад.