Имрӯз бо ташаббуси дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони масъули ин мақоми олии қонунбарор бахшида ба 15-умин солгарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар додааст.
Дар ҳамоиш раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода гуфт, ки «бо мақсади ба танзим даровардани зуҳуроти манфии ҷомеа – сарфи беҳуда дар туй ва дигар маъракаҳо ба хотири худнамоишдиҳӣ соли 2007 бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳияи санади меъёрии танзимкунандаи масъалаи мазкур ба масъулин дастур дода шуд. Бо ин мақсад дар баробари олимони соҳаи ҳуқуқ, доираи васеи уламои дин, аъзоёни фаъоли ҷомеа ҷалб гардида, зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодҳо барои ба танзим даровардани ин муносибати ҷамъиятӣ манзур гардид. Ба ғайр аз ин, таҷрибаи расму оин дар давлатҳои ба мо ҳамдин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа консепсияи ягонаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таҳия гардида, бо ташаббуси Президенти мамлакат бори нахуст дар таърихи қонунгузории мамлакат 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид».
«Дар дебочаи ин Қонуни дарҷ гардидааст, ки «Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст». Ба ибораи дигар гӯем, инсоният ба асри нав – асри XXI қадам ниҳода, бо пешрафти фаҳмиш, шуур, ҷаҳонбинӣ, ҳамчунин тақозои рушди ҷомеа зарурати бозбинии анъана ва ҷашну маросимҳо ба вуҷуд омада, ин иқдом ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва некуаҳволии ҳаёти шаҳрвандони мамлакат амалӣ карда мешавад»,-афзуд номбурда.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонун дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми нави ваколатдор – Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи дин танзими анъана ва ҷашну маросим, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо раёсату шуъбаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дар корхонаву муассисае, ки шумораи кормандонашон аз 30 нафар зиёд аст, комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис дода шуд.
Баромадкунандагон таъкид карданд, ки дар зарфи солҳои охир тамоми тадбирҳои сиёсӣ- иҷтимоӣ, аз ҷумла иқдомҳое, ки дар бахши қонунгузории миллӣ амалӣ мешаванд, пеш аз ҳама, барои беҳтар кардани сифати зиндагии мардум равона гардидаанд. Дар баробари ин, иқдомҳои мазкур барои тақвияти худшиносӣ ва ҳушёрии сиёсии миллат мусоидат менамояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.
«Он маблағе, ки аз баргузории маросиму анъанаҳои серхарҷу беҳуда сарфа карда мешавад, бояд ба тарбия ва ба камол расонидани фарзандони миллат, ки ояндаи Ватан дар дасти онҳост, равона карда шавад»,-изҳор доштанд онҳо.