Рӯзи 10 июн, соати 17 дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе филми “Беҳтарин”-и коргардон Муҳсин Раҳимӣ намоиш дода мешавад. Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Суҳроби Зиё дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.
Гуфта мешавад, ин филми ҳунарӣ дар Тоҷикистон сабт шуда, он дар бораи вафодории як фарди миёнсол нисбат ба ишқи нофарҷоми ӯ дар ҷавониаш қисса мекунад.
Нақшҳои асосиро Нотия Аминӣ, ҳунарпешаи эронӣ ва Давлат Раҷабов, як шаҳрванди маъмулии Тоҷикистон бозӣ кардаанд. Ин филм то кунун дар бархе аз ҷашнвораҳои байналмилалӣ, монанди фестивали филми Қазон ҳузур пайдо кардааст.
Бояд гуфт, ки Муҳсин Раҳимӣ коргардон ва рӯзноманигор аз кишвари Кувайт буда, шефтаи таъриху фарҳанг ва мардуми сарзамини тоҷикон мебошад.
“То оғози буҳрони куруно ӯ даҳҳо нафар аз ҳамзабонони моро аз саросари дунё тавонист барои сафар ба Тоҷикистон ташвиқ кунад. Ба шарофати Муҳсин Раҳимӣ акнун дар барномаҳои форсии родиёи Кувейт пайваста оҳангу таронаҳои тоҷикӣ садо медиҳанд. Ӯ то ҳоло дар бораи шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик чанд барномаи телевизионӣ таҳия карда ва дар бораи ҷашни Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар рӯзгори мардуми тоҷик як мустанад ва филми ҳунарие сохтааст”, – навиштааст Суҳроб Зиё.
Ҳамчунин Раҳимӣ муаллифи мустанадҳое дар бораи Рӯдакӣ ва Ибни Сино (ба забони арабӣ), се филми мустанад дар бораи маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳатӣ ва фаъолиятҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон (ба забони арабӣ), филми мустанади «Симфонияи Наврӯзи Тоҷикистон» ва филми синамоии «Беҳтарин» ба забони тоҷикӣ мебошад, ки ба чанд забон тарҷума шуда, дар телевизиони форсии Бӣ-бӣ-сӣ, шабакаҳои арабӣ ва дар ҷашнвораҳо намоиш дода шудаанд.