Ду қуллаи қаторкӯҳҳои Помир ба номи шоирони матраҳи тоҷик Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номгузорӣ шуданд.
Сомонаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки номгузорӣ шудани қуллаҳои Помир пас аз анҷоми конфронси илмиву адабӣ ба ифтихори 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар сурат гирифт.
Ҳамоиши мазкур чанде пеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳузури раиси вилоят Алишер Мирзонабот, мудири Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарӣ Ҳокими Қаландариён ва аҳли зиёи вилоят баргузор гардид.
Дар конфронс аз саҳми назарраси Мирсаид Миршакар дар муаррифӣ кардани адабиёти тоҷик гуфта шуд.
Зимнан ба раиси вилоят Алишер Мирзонабот пешниҳод шуд, ки ду қуллаи қаторкӯҳҳои Помир ба номи шоирони шаҳири ин диёр Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номугузорӣ шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби раиси вилоят дастгирӣ ёфт.
Манбаъ меафзояд, ки ҳамчунин бо дастгирии роҳбарияти ВМКБ куллиёти осори устодони сухан интишор мешавад.