Хонандагони Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон аз Олимпиадаи байналмилалии «Kangaroo», ки ба сурати фосилавӣ аз сӯи кишвари Фаронса баргузор гардид, ба 296 медал сазовор гаштанд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, муҳассилини риёзидони тоҷик, аз ҷумла ба дарёфти 73 медали тилло, 159 нуқра ва 64 биринҷӣ дастёб шуданд.
Манбаъ меафзояд, дар олимпиадаи мазкур 1715 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии миқёси вилояти Суғд фаъолона ширкат варзида, аз ин шумор 430 нафари онҳоро хонандагони Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ташкил медиҳад, ки 43 фоизи шумораи умумии хонандагони ин муассисаро дарбар мегирад.
Гуфта мешавад, муҳассилини Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон аз рӯи теъдоди ишғоли ҷойҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб намуданд.