Бино ба оморҳо, дар вилояти Хатлон минтақаҳое, ки малах паҳн гаштааст, дар ноҳияи Панҷ ба 8496 гектар ва Вахш ба 7144 гектар расидааст. Дар ин бора зимни боздиди намояндагони Вазорати кишоварзӣ аз ин майдонҳо хабар дода шуд.
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод, малах асосан дар заминҳои чарогоҳ мавҷуд буда, дар минтақаҳои паҳнгаштаи малах корҳои безараргардонӣ бо маром идома дорад ва тавассути заҳрхимикатҳои кимиёвӣ ва техникаи махсуси дорупошӣ амалӣ мегардад.
«Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби филиали Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” дар вилояти Хатлон то ин давра дар ноҳияҳои майдони коркардшуда аз руи маълумотҳои имруза дар ноҳияҳои Панҷ 3578 га ва Вахш 3875 га-ро ташкил медиҳад коркард гузаронида шудааст», – омадааст дар хабарномаи вазорати кишоварзӣ.
Гуфта мешавад, то имрӯз малах ба майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ зарар нарасонидааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ин тадбирандешиҳо мақомоти ноҳияҳои Панҷ ва Вахш ва хоҷагидорон саҳм гирифта истодааст.
Бояд гуфт, ба хотири безараргардонӣ аз сӯйи “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар ситодҳои махсус таъсис ёфтааст.