Рӯзҳои 19-24 апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин (тарзи озод, юнонию румӣ ва гуштии занона), баргузор гардид. Дар ин мусобиқа наздики 270 варзишгар аз 18 кишвари Осиё иштирок доштанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Муҳаммад Икромов (-61кг), Шуҳрат Бозоров (-79кг) ва Искандари Рустам (-125кг) муаррифӣ намуданд.
Мусобиқа 19-уми апрел бо сабқатҳои гӯштини юнонӣ-римӣ оғоз гардид. Рӯзҳои 21-ум ва 22-юми апрел бонувон, сипас 23-юм ва 24-уми апрел гӯштингирони тарзи озод ҳунарнамоӣ карданд.
Шуҳрат Бозоров рӯзи 23-юми апрел зери вазни -79кг ҳунарнамоӣ карда, дар даври аввал аз намояндаи ҷопон бо натиҷаи 11-1 мағлуб шуд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
24-уми апрел ду намояндаи дигари Тоҷикистон Муҳаммад Икромов дар вазни -61кг ва Искандари Рустам зери вазни -125кг дар сабқатҳои гӯштини тарзи озод ҳунарнамоӣ карданд.
Муҳаммад Икромов (-61кг) дар даври аввал аз намояндаи Муғулистон Наранху Нармандах бо натиҷаи 4-14 мағлуб гардид.
Дар вазни -125 кг намояндаи дигари Тоҷикистон Искандари Рустам бо натиҷаи 0-6 аз намояндаи кишвари Корея Йехёну Юнгу шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ барои варзишгарони мо бебарор ба анҷом расид.