Бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022, аз бошгоҳи «Ал-Райян»-и Қатар шикаст хӯрд.
Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд»-и шаҳри Риёз баргузор гардида, бо натиҷаи минималии 1:0 бар нафъи футболбозони «Ал-Райян» ба поён расид. Голи ягонаи ин рақобатро дар лаҳзаҳои охири рақобат Йохан Боли ба самар расонида, пирӯзии дастаашро таъмин кард. Ҳамин тариқ «Истиқлол»-и Душанбе дар панҷ бозии баргузор кардааш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022, дучори шикаст гардид.
Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» «Истиқлол, рӯзи 27-апрел бо бошгоҳи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат мекунад.
Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022
Гурӯҳи «А»
Даври 5-ум
«Ал-Райян» (Қатар) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 1:0.