Ду ширкати нави сайёҳӣ – “Мадад Фарм” ва “Бозори Ворӯ” вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд. Ҳамчунин муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ширкати «Артуч» тамдид гардид, иттилоъ додааст Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Манбаъ гуфт, иҷозатномаи фаъолияти сайёҳиро ба масъулини ширкатҳо раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дирӯз 6 апрел дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе тақдим намуд.
Гуфта мешавад, раиси Кумита таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои навро ба масъалаҳои татбиқи босамари имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, таҳия ва нашри зиёди маводи нави иттилоотии тарғиботӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонии ҷавобгўй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ ҷалб намуд. Дар қаламрави Тоҷикистон 240 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунанд.