Қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2022 фардо, рӯзи 2 март дар Кохи Парфенони шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, дар мавсими 31-уми Чемпионати Тоҷикистон 10 даста – “Истиқлол”, “ССКА” (Душанбе), “Хуҷанд”, “Эсхата” (Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Хатлон” (Бохтар) , “Файзканд” (Восеъ), “Равшан” (Кӯлоб), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) ва “Равшан” (Зафаробод) миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзи 2 апрел оғоз шуда, дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар навбати аввал — 10-даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.
Нуқтаҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда захира карда мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд.
Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи “В” дар як давр бозӣ карда, ҷойҳои аз 6 то 10-ро ишғол намуда, барои роҳхат ба Лигаи Олӣ мубориза мебаранд ва ду дастаи поёнӣ дар охири мавсим ба лигаи аввал меафтанд.
Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 22 бозӣ анҷом медиҳанд.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”