Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА ширкат варзид

Дирӯз, 28 феврал мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои шарикӣ дар қолаби мазкур баррасӣ гардиданд.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо ба мавзӯи амнияти минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.