Дар вилояти Суғд дар рӯзи истироҳатӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.
Ба навиштаи хадамоти матбуоти вилояти Суғд, дар ярмарка кишоварзон ва корхонаҳои саноатии ҳудуди вилоят маҳсулоти гуногунро ба фурӯш бароварданд.
Зикр мегардад, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо рафти баргузории ярмарка ба масъулин барои ташкили мунтазами ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон ва ба ин васила танзими нархи бозорҳо супоришҳо дод.
Ёдовар бояд шуд, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳар рӯзи шанбе гузаронида шуда, давоми соли 2021 беш аз 70 маротиба ташкил карда шудааст.