Сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории озмун барои мансабҳои холии маъмурии хидмати давлатӣ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки мақомоти ваколатдори сайёҳӣ барои мансабҳои зерин мутахассис меҷӯяд:
1. Муовини сардори раёсати рушди сайёҳии Кумита (1 ҷой) – Маоши мансабӣ 2151.40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
2. Мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Кумита (1 ҷой) – Маоши мансабӣ 1444.60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
3. Мудири бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумита (1 ҷой) – Маоши мансабӣ 1444,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4. Мудири бахши котиботи Кумита (1 ҷой) – Маоши мансабӣ 1444,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
5. Сармутахассиси раёсати рушди сайёҳии Кумита (1 ҷой) – Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
6. Сармутахассиси бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумита (1 ҷой) – Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
7. Сармутахассиси бахши котиботи Кумита (1 ҷой) – Маоши мансабӣ 1311 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
8. Мутахассиси пешбари шуъбаи иҷозатномадиҳии Кумита (1 ҷой) – Маоши мансабӣ 1069,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
9. Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии Кумита (1 ҷой) – Маоши мансабӣ 1069,50 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Барои иштирок дар озмун аз довталабон ҳуҷҷатҳои
зерин талаб карда мешаванд:
-ариза ба унвони Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ѓайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ шакли № 038УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-эъломия дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома оиди доѓи судӣ;
-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21-рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.
Суроѓа: шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 48, индекс: 734024,
Тел: (+992 372) 27-85-79
Барои маълумоти бештар ба сомонаи Кумитаи рушди сайёҳӣ ворид шавед.