Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад, борон дар водиҳо ба барфи тар табдил мегардад. Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барфи шадид меборад. Ба истиснои ВМКБ дар аксар қаламрави кишвар туман дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ дамои ҳаво 8-10 0С коҳиш меёбад, хабар медиҳад сомонаи Кумита.
Ба сабаби бад шудани обу ҳаво Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхторро ҷиддан риоя кунанд, барқро сарфаҷӯёна истифода намоянд.
КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо равуоҳои безаруратро маҳдуд кунанд, бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ агар зарурат надорад, метавонед то хуб шудани ҳаво онро мавқуф гузоред.
Рафтан ба моҳидорӣ, сайдгоҳ барои шикор, ғунучини ҳезум низ маслиҳат нест.
Кӯшиш кунед дудбарои хонаҳои худро ба хотири заҳролуд нашудан аз гази карбон ҳамеша тоза нигоҳ доред.