Дирӯз ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкории Шанхай тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва сӯханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи навбатӣ вазъи ҳамкориҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт, энергетика, тандурустӣ, маориф ва илм, иқтисод, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим ва амният мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба рушд бахшидани ҳамгироии кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай фикру мулоҳизаҳои судманд байён карда шуд.
Сарвазири мамлакат зимни сӯханронӣ таъкид намуд, ки тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар доираи Стратегияи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай барои то соли 2025 ва Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ зарур мебошад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай ҳавасманд буда, дар замони муосир татбиқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коркард ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2030 саривақтӣ мебошад.