Дар Вазорати меҳнат масоили тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба Русия баррасӣ гардид

Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои амалӣ намудани тайёрии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, баҳодиҳии сатҳи касбият, ҷалби корфармоён дар раванди бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ зимни вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза  Нодирӣ бо раиси Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия баррасӣ гардиданд.

Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои сатҳи забондонӣ, мукаммал гардонидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Федератсияи Русия дар раванди ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ва коркарди механизми он баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, директори Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират, котиби Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия, директори ҶДММ «Кадровое агенство «Персонал – Партнер»-и шаҳри Қазон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Ҷонибҳо ҳамкории мутақобилаи соҳавии тарафайнро муҳим дониста, рушди муносибатҳои ҳамкориро дар самти муҳоҷират барои бозори меҳнат муҳим арзёбӣ намуданд.