Ба иттилои АМИТ «Ховар» Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим (COP26) дар шаҳри Глазгои Шотландия кори худро идома медиҳад. Дар он ҳайати расмии Тоҷикистон низ ширкат дорад.
Ифтитоҳи расмии конфронс 1 ноябр сурат гирифт. Дар ин рӯз маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «5 кишвар, 1 минтақа, 1 овоз» баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, суҳбату мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба ба нақша гирифта шудаанд.
Дар ҷараёни музокирот дар Глазго кишварҳо иҷрои бандҳои калидии созишномаи Париж, инчунин ташаббусҳои нави давлатҳо барои коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаиро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар «COP 26» (climate change conference), ки аз 1 то 12 ноябр баргузор мегардад, ҳайати расмӣ намояндагӣ менамояд. Дар ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ бо иштироки роҳбарон ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузории якчанд чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.