Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва қабул намуданд. Дар ин бора сомонаи Маҷлиси намояндагон иттилоъ додааст.
Зимни баррасии ин масъала масъулини соҳа вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб, Насиба Содиқӣ, Сумангул Тағойзода, Амонулло Хайрулло, Рустам Латифзода, Рустами Шоҳмурод, вакилони мардумӣ Сайҷаъфар Усмонзода, Рустам Қудратов, иброз намуданд, ки лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи мазкур бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ва ба ин васила ба шакли ягонаи муттаҳид карда шудаи электронӣ ба ҳисоб гирифтани амалиётҳои аз ҷониби андозсупоранда анҷом додашаванда, ки ба зиёд гардидани манбаҳои андозбандӣ мусоидат менамояд, инчунин сода ва омафаҳм намудани муқаррароти он таҳия гардидааст.
Дар лоиҳа теъдоди умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.
Ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, инчунин таъмини шаффофият дар ин раванд, ҳадди даромади андозбандинашавандаи шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд.
Дар баробари ин, дар лоиҳа меъёри ягона андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои ҷои кори асосӣ 12 фоиз пешбинӣ карда шуд. Инчунин, бо мақсади коҳиш додани сарбории андоз нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ меъёри андози иҷтимоӣ 20 фоиз ва барои суғурташавандагон муассисаҳои буҷетӣ 25 фоиз пешбинӣ шудааст.
Дар лоиҳаи Кодекси мазкур меъёрии стандартии андоз аз арзиши иловашуда аз 1 январи соли 2022 ба андозаи 15 фоиз, аз 1 январи соли 2024 – 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 – 13 фоиз пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи Кодекси пешниҳодгардида аз 2 қисм, 15 фасл, 57 боб ва 399 модда иборат буда, дар он ҷиҳати мукаммал гардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд. Мутобиқи лоиҳаи Кодекс теъдоди умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.
Дар иҷлосия ҳамчунин Оинномаи Созмони Исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон» оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодабарии комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Rонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъалаҳои мазкурро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ, вакили мардумӣ Дўстмуродзода Сурайё, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Фарҳод, вакилони мардумӣ Наҷмиддиниён Файзулло, Қосимӣ Файзулло, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф, муовини Прокурори генералииҶумҳурии Тоҷикистон Рафизода Мирзоамон, вакили мардумӣ Усмонзода Мансур муаррифӣ намуданд.
Дар анҷоми иҷлосия вакилони мардумӣ аз руи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.