1 ноябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковник Рустам Назарзода бо Сарвари Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Октавиан Бивол баргузор шуд.
Генерал-полковник Рустам Назарзода ба ҷаноби Бивол дар бораи корҳои анҷомшуда дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар маълумот дод, аз ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт ва дар бораи офатҳои табии рухдод ва бартараф намудани паёмадҳои он, кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ба аҳолии зарардида нақл кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак миёни ду идора оид ба вокуниш ба офатҳо, омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон ва масъалаҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷаноби Бивол барои пазирои хуш изҳори сипос намуд ва ба фаъолияти КҲФ дар пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ баҳои баланд дод.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.
Манбаъ: КҲФ