Хабаргузории Спутник Тоҷикистон бо такя ба манбаъҳои боэътимоди худ хабар додааст, ки Ҳаракати радикалии “Толибон”* пас аз хатми даргириҳои шадид дар Панҷшер пушаймон ва хостори музокира бо Ҷабҳаи Муқовимат шудаанд.
Ба иттилои ин расона ба ин хотир онҳо ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ва чеҳраҳои шинохтаи панҷшериҳои сокини шаҳри Кобул муроҷиат кардаанд.
Манбаъи огоҳ аз ин гуфтугӯҳо дар Кобул ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки баъд аз хатми даргириҳои шадид ва ақибнишинии неруҳои Ҷабҳаи муқовимат Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Иморати исломии “Толибон”* ба манзили шахсии Абдуллоҳ Абдуллоҳ рафтааст.
“Он ҷо як маҳфил бо ширкати ин ду нафар ва иддае аз олимону бузургони панҷшерии сокини Кобул барпо шуд ва масъалаи Панҷшерро ба баррасӣ гирифтанд. Васиқ гуфт, ҳукумати “Толибон”* аз ҳамла ба Панҷшер пушаймон аст. Ӯ аз Абдуллоҳ ва бузургони Панҷшер хост, ки бо нерӯҳои муқовимат дар дара тамос гиранд ва шарту шароити поён омаданашон аз кӯҳҳоро баён кунанд”, – навиштааст Спутник Тоҷикистон
Аммо ин манбаъ мегӯяд, дар ҳамон маҷлис бузургони Панҷшер чаҳор шарт пеши Васиқ гузоштанд, ки бино ба онҳо, неруҳои “Толибон”* бояд аз Панҷшер комилан хориҷ шаванд, ҷангро батамом қатъ кунанд, кафолат диҳанд, ки ба мардум дигар кор нахоҳанд гирифт ва тамоми таҳримҳо, аз ҷумла қатъи барқу мухобирот, назири телефону интернет, манъи вуруди маводи ғизоӣ ва дигар эҳтиёҷоти мардумро лағв намоянд.
Ин манбаъ гуфтааст, ки “Толибон”* ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳамлаи онҳо ба Панҷшер ва ҷиноёташон дар ин дара хатои бузурги сиёсии онон аст. Зеро дар саросари ҷаҳон амалкардҳои онҳо дар Панҷшер ба шиддат маҳкум мешавад.
“Панҷшер шаҳди ғалабаро дар коми онҳо талх кардааст. Миёни худашон ихтилоф ба миён омадааст. Аз сӯи дигар, мардуми Панҷшер сахт уқдаманд шуданд ва ин таҳқиреро, ки диданд, ба зудӣ нахоҳанд бахшид. Фикри бузургони Панҷшер ва “Толибон” ҳам онро пазируфтанд, ин аст, ки фақат рӯи кор омадани як ҳукумати ҳамашумул вазъро сода мекунад”, – гуфт манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки раҳбарони Тоҷикистону Покистон ба ин натиҷа расиданд, ки барои музокирот миёни Ҷабҳаи муқовимат ва “Толибон” дар Тоҷикистон талош хоҳанд кард, зеро ҳарду тараф рӯи кор омадани як ҳукумати ҳамашумул бо иштироки тамоми ақвом дар Афғонистонро роҳи ҳалли буҳрон медонанд.
.