Расо даҳ сол пеш, 20 сентябри соли 2011 дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Кобул собиқ Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ кушта шуд. Имрӯз ҳамчунин аз рӯзи таваллуди ӯ 81 сол сипарӣ мешавад.
Бурҳониддин Раббонӣ соли 1940 дар шаҳри Файзобод- маркази маъмурии вилояти Бадахшон дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ чорводор буд.
Бурҳониддин дар мактаби динии Абӯҳанифа, сипас дар факултаи илоҳиёти Донишгоҳи Кобул таҳсил карда, фалсафаи исломиро дар Миср дар Донишгоҳи Ал-Азҳар омӯхтааст. Аз соли 1963 профессори Донишгоҳи Кобул гардида, дар он аз шариати ислом дарс мегуфт. Вай соли 1968 ба Афғонистон баргашт.
Бурҳониддин Раббонӣ солҳои 80-90-ум аз пешвоёни муҷоҳидини афғон буд. Вай пас аз сарнагун шудани ҳукумати Наҷибулло соли 1992 вазифаи Президенти Афғонистонро ба уҳда гирифт ва то истеъфои расмӣ, яъне то 22 декабри соли 2001 дар ин вазифа кор кард. Раббонии 71-сола то охири умр Шӯрои олии сулҳро раҳбарӣ мекард, ки вазифаи асосии он бурдани гуфтушунид миёни мақомоти Афғонистон ва толибон буд.
Раббонӣ аз моҳи июни соли 1992 то декабри соли 2001 ба таври расмӣ кишварро идора мекард, аммо дар асл қариб тамоми давраи ҳукмронии ӯ дар кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омада буд. Дар вазифаи президент ӯро Ҳамид Карзай иваз намуд.
Бурҳониддин Раббонӣ 20 сентябри соли 2011 дар манзилаш, дар ноҳияи Вазир Акбархони Кобул зимни мулоқот бо ду намояндаи толибон бар асари таркиши бомбае, ки дар саллаи маргталаб пинҳон буд, кушта шуд.
Мушовири Карзай Маъсум Станекзай ҳангоми таркиш дар хонаи Раббонӣ буд, аммо бо вуҷуди бардоштани ҷароҳатҳои зиёд зинда монд.
2 сентябри соли 2021 собиқ Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва собиқ Вазири мудофиаи ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз марг бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 мукофотонида шуданд.
Сиёсатмадорони афғон барои мусоидат дар баргузории музокирот миёни тоҷикон дар давраи солҳои 1993-1996 ва саҳми бузурги онҳо дар раванди истиқрори сулҳ дар хоки Тоҷикистон бо мукофотҳои Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Ордени “Исмоили Сомонӣ” баландтарин мукофоти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Манбаъ: АМИТ “Ховар”