Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографиро ба анҷом расониданд.
Ин ҷаласа аз 4 то 9 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе сурат гирифт ва бино ба иттилои Вазорати корҳои хорҷии Тоҷикистон пас аз анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор имзо гардид.
Манбаъ дар бораи протокол маълумоти бештаре надодааст ва танҳо гуфта мешавад, ки тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир кунанд.
Бояд гуфт,ки аз ин пеш 12-17 июли 2021 дар шаҳри Бишкек вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардида буд.