Тоҷикистон ба Туркманистон алюминий содирот мекунад

Дар Форуми иқтисодии  кишварҳои Осиёи Марказӣ қайд карда шуд, ки  ҳиссаи тиҷорати молҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон  то 28,3 фоиз зиёд шудааст.

Форуми мазкур, ки дар минтақаи сайёҳии «Аваза»-и шаҳри Туркманбошии Туркманистон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, зикр шуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро доро буда, Тоҷикистон барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тадбирҳоро оид ба татбиқи Барномаҳои байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин якчанд харитаи роҳ доир ба афзоиши гардиши савдо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ менамояд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод гуфтанд, Зақӣ Завқизода  имкониятҳои васеи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар соҳаҳои нақлиет ва логистика ва Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа  дар соҳаҳои обу энергетика муаррифӣ намуда, таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

“Дар доираи Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон 4 созишнома ва меморандум ба имзо расониданд. Тибқи ин санадҳо аз Туркманистон ба Тоҷикистон 50 ҳазор тонна кокси нафтӣ, 50 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, гази моеъ, маҳсулоти кимиёвӣ ва нуриҳои минералӣ ворид карда шуда,  аз Тоҷикистон  ба Туркманистон содироти 10 ҳазор тонна алюминий дар як сол ва  инчунин пешниҳоди тарофаҳои рақобатпазир барои интиқол ва транзити молу маҳсулот тавассути роҳи оҳан дар назар аст”,-менависад “Ховар”.

Гуфта мешавад, ки дар он, ҳамчунин мубодилаи афкор ва муҳокимаи васеъ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ва амиқсозии равандҳои ҳамгироӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишварҳо сурат гирифт.Дар охир ҳайати Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои Форуми имрӯза барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мусоидат менамояд.