Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар сабқати инфиродии мусобиқа миёни писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия) бар Стефэн Сач аз Британияи Кабир дар финал пирӯз шуд. Миёни духтарон бошад, ҷойи авввал ва дуюмро варзишгарони Россия Виктория Милованова ва Валерия Ивановская соҳиб шуданд.
«Дар рақобати ҷуфти писарон Амирҳамза Насриддинов (Россия) ҳамроҳи Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввалро гирифтанд. Ҷуфти Саид Аброров ва Исмоил Харутдинов аз Ӯзбекистон дуюм шуданд. Миёни духтарон ду ҷуфт аз Ӯзбекистон – Муниса Ашурбекова ва Мафтунабону Қаҳрамонова ҷои аввал, Алия Мусобекова ва Оминахон Валихонова ҷои дуюмро сазовор гардиданд»,- мегӯяд манбаъ.
Хотирасон мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 7 август доир гардид. Дар он варзишгарони кишварҳои Олмон, Исроил, Фаронса, ИМА, Англия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Туркманистон, Канада, Украина, Словения, Полша, Беларус ва Тоҷикистон иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2005 нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.