Шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, ки бо мақсади таъмин намудани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои коғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад.
Ба маълумоти манбаъ пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд.
Гуфта мешавад, ки пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода шудаанд ва дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.