Антонио Гутерриш аз оташбас дар марз истиқбол кард

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш зимни як брифинг аз иҷрои мувофиқа дар мавриди оташбаси Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кардааст.

Ба гуфтаи сухангӯйи СММ Стефан Дюжаррик  Дабири кулл бо нигаронӣ ҳаводисро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон пайгирӣ мекард. Вай барои талафоти ҷонӣ дар задухӯрдҳои ҳафтаи гузашта изҳори тасаллият ва ба захмиён шифои оҷил таманно мекунад.

“Антонио Гутерриш аз тамосҳои раҳбарони ду кишвар барои татбиқи мувофиқаи оташбас, ки 1 май ҳосил шудааст, истиқбол мекунад. Дабири кулл инчунин омодагии СММ-ро барои дастгирӣ дар ҳолати зарурӣ тасдиқ мекунад”,-навиштааст “Ховар” дар такя ба ҳарфҳои Дюжаррик.

Ба иттилои ин манбаъ, дирӯз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ аз дастёбӣ ба мувофиқа дар бораи хотима додани даргириҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва хуруҷи қисмҳои низомии иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ истиқбол кард. Дар ин бора дар паёми СПАД, ки рӯзи сешанбеи 4 май интишор ёфтааст, гуфта шудааст.