7 апрел дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши муаррифии китоби «Пайванди эҷоду маърифат» баргузор гардид. Китоби мазкур ба бузургдошти хотираи журналисти соҳибтаҷрибаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Хушбахт Бекзода бахшида шудааст.
Дар оғози ҳамоиш ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ сухан карда аз ҷумла иброз дошт, ки нақши Хушбахт Бекзода дар рушди журналистикаи тоҷик ба0ғоят муҳим буда, яке аз журналистони мувафақи радио ва телевизион мебошад. Сипас яке аз иштирокчиёни ин ҳамоиш, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҶТ Фаррух Ҳайдаров зимни суханронии хеш зикр кард, ки китоби «Пайванди эҷоду маърифат» барои доираи васеъи хонандагон буда, барои омўзиши донишҷуёни соҳаи журналистикаи тоҷик аз манфиат холи нест. Ин китоб хело манфиатбахш аст барои донишҷуён, омузгорон, журналистони ҷавон ва ҳаводорони соҳаи журналистика. Ин китобро метавон як дастури меь тодӣ ном бурд барои донишҷуёни бахши журналистикаи тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, тарзи таҳияи сенария, таҳияи филмномаҳо, тарзи гирифтани мусоҳиба ва махсусан хусусиятҳои журналистикаи муосир риоя мекунад ҳар як донишҷуе, ки дар бахши журналистика таҳсил мекуна д уро водор мекунад, ки аз ҳамин китоб пайравӣ кунад, уро водор мекунад, ки аз ҳамин китоб чизе ба худ гирифта бошад.
Баъдан Раиси Иттифоқи Иттиҳодияҳои касабаи Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ Лолахон Сатторӣ суханронӣ карда, таъкид кард, ки Хушбахт Бекзода дар идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқии Радиои Тоҷикистон фаъолия намуда, чун журналисти матинирода бо қалами худ дар суботи сиёсӣ ва тараннуми дастовардҳои истиқлолият нақши муассир гузоштааст. Тавре дар ин бора мавсуф зикр кард:
Қадру манзалати рузноманигорияшон, ки дар таҳкими сулҳу амният, истиқлолияти давлатӣ, тараннуми дастовардҳои солҳои истиқлолияти давлатӣ, фарзанди накӯномтарин, журналисти оташинсухан, ва бо тамкин, журналисти ҳақгӯй, ҳақҷӯй ва ҳақталош Хушбах Беков.
Ҳамчунин яке аз иштимрокчиёни маҳфил мудири кафедраи телевизион ва радиои факултаи журналистикаи ДМТ Сангин Гулов дар баромади хеш қайд кард, ки устод Хушбахт Бекзода ҳар куҷое, ки фаъолият карда бошад, пайванд ба қалам, ба журналистика дошт. Хушбахт Бекзода зимни фаъолиятошон дар идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқии Радиои Тоҷикистон ба рўйдодҳои солҳои 90-ум аз аввал баҳои дурандешона додаву мавқеи давлатмеҳварӣ, умумимиллӣ, қонунӣ ва ҳукуматиро интихоб карда буданд,- илова кард Сангин Гулов:
Устод Хушбахти Бекзод аз нафарони камтарине, буданд, ки дар радиои Тоҷикистон ҳамеша дар андешаи давлатмеҳварӣ буданд, фаьолияташон пурра фаьолияти созанда буд, ва дар фаьолияти корӣ ҳамеша талош карданд, ки дар мавқеи ҳукуматӣ, дар мавқеи қонунӣ ва дар мавқеи созандагӣ қароа дошта бошанд.
Китоби «Пайванди эҷоду маърифат» арзиши баланд дорад ва ин арзишро аз чанд паҳлу метавон арзёбӣ кард-, таъкид кард зимни суханронии хеш дар ҳамоиши мазкур доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ. Ҳамчунин номбурда иброз дошт, ки китоби мазкур ҷавононро ба илмомўзӣ талқин намуда, як эҷодкори ташаккулёфтаро муаррифӣ кардааст:
Ин китоб аз шаш бахш тартиб ёфтааст, шаш паҳлӯи фаолияти зиндагии Хӯшбахт Бекзодаро фаро мегирад, оне ки дар ин дунё омадааст ва дар муҳиту фазои дунё тарбият ёфтааст, онеки ба роҳи илм рафтааст, онеки ба роҳи эҷод рафтааст. Ин зиндагӣ саҳл набудааст, ин зиндагӣ худ аз худ сохта нашудааст, ин зиндагӣ дар заминаи меҳнат, дар заминаи ҷӯсту ҷӯ, дар заминаи талош, дар заминаи ҷасурӣ, ғайрат, дар заминаи боварӣ ва боварӣ ба худ ба ҳамин дараҷа расидааст, ки воқеан барои мову Шумо омузанда аст.
Дар охири ҳамоиш аз ҷониби дигар нотиқон зикр карда шуд, ки китоби «Пайванди эҷоду маърифат» маҷмуаи илмиву фарҳангиест, ки дар асоси фаъолияти пурсамари эҷодии журналисти шинохта Хушбахт Бекзода мураттаб гардидааст. Гуфта шуд, ки китоб ба аҳли қалам, журналистону фарҳангшиносон ва ба доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.
Наҷибуллои Ҳомидҷон, Маликов Машраб
Радиои Тоҷикистон