7 апрел дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муқаддас Қодирова бунёд ёфта, дар ин ҷо бо васлу насби хатҳои муосири технологӣ асосан истеҳсоли халтаҳои гуногуни полиэтиленӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ маҳсулоти он аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона бештар аз 15 намуди халтаҳои полиэтилении ҳаҷму андозаашон гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ қариб 12 тонна ашёи хом мавриди коркард қарор дода мешавад.
Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” дар як шабонарӯз ба 175 ҳазор ва дар як моҳ ба 5 миллиону 250 ҳазор дона халтаи полиэтиленӣ баробар аст.
Дар корхонаи мазкур ҳамзамон дар як шабонарӯз 11 ҳазор метри тӯлонӣ пардаи полиэтиленӣ барои маводи хӯрока истеҳсол карда мешавад. Ин намуди маҳсулоти полиэтиленӣ қаблан аз хориҷи мамлакат ворид мегардид.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон”, ки дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи шоиста аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Аз рӯи маълумоти муассиси корхона дар натиҷаи зиёд шудани талаботи бозор ба халтаҳои полиэтиленӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхона ва суҳбат бо кормандон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёду ба истифода додани чунин корхонаву коргоҳҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот боис гардида, бо ин роҳ метавон оянда ба иқтидори содиротии мамлакат низ афзоиш бахшид. Талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ хеле зиёд аст. Бо ин мақсад роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки оянда халтаҳои полиэтилениро ба як қатор кишварҳои минтақа содирот намояд.
Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, халтаҳои полиэтиленӣ бо тарҳу намуди хос истеҳсол карда мешаванд, ки асосан дар бозору марказҳои савдо, мағозаҳо ва ошхонаю тарабхонаҳо ба таври васеъ истифода мегарданд.
Дар оянда бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” истеҳсоли плёнка барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан бунёди гармхонаҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар саҳни ҳавлии корхонаи нав маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба намоиш гузошта шуд.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин тадбир ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳри Бӯстон зиёда аз 30 корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли орд, равғани растанӣ, оби маъданӣ, консерваҳо, рехтаи пӯлодӣ, шифер, қубурҳои асбестӣ, пластикӣ, арматура, халтаҳои полипропиленӣ, полиэтилению коғазӣ, мех, сангҳои ороишӣ, тахтасангҳои мармарӣ, ранги сохтмон, маснуоти заргарӣ ва дигар намуди молу маҳсулот машғул мебошанд.
Корхонаҳои саноатии шаҳр соли 2020 ба маблағи 517 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар асоси ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар заминаи ин ҳамкорӣ аллакай 5 адад нақлиёти махсус барои интиқоли партовҳои сахти маишӣ харидорӣ шудааст. Дар намоишгоҳ иқтидор ва имконияти онро муаррифӣ намуданд.