Имрӯз чоршанбе 7 апрели соли 2021 аст.
Обу ҳаво
Барои имрӯз ҳаво дар шаҳри Бохтар бебориш аст ва рӯзона то +23°, шабона то +10° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ ҳаво тағйирёбанда буда, рӯзона то +9° ва шабона то +1° гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Хуҷанд рӯзона то +21° ва шабона то +8° гарм пешгӯӣ мешавад.
7 апрел ҳаво дар шаҳри Душанбе рӯзона бебориш буда, то +21° ва шабона борони суст борида, то +6° гарм мешавад.
Рӯзҳои 6 – 8 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Қурби асъор
Барои имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон 1 долларро ба 11,32 сомонӣ, 1 евро ба 13.37 сомонӣ ва 10 рублро ба 1,46 сомонӣ баробар кардааст.
Тақвими рӯз
Дар таърихи 7 апрели соли 1948 оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ҳукми иҷро даромад;
7 апрели соли 1978 ноҳияи Қабодиён (ҳозира Қубодиён) таъсис ёфтааст;
Дар ин рӯзи соли 2008 дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд;
Соли 1989 духтарчаи литвагӣ Кристина Страгускайте яке аз ҷавонтарин нафаре гашт, ки дар 4- солагӣ дар натиҷаи сӯхтор ҷони ду нафар-хоҳар ва бародарашро наҷот дод;
Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ҷашни модар ва зебоӣ дар Арманистон аст.
Ҷадвали барномаҳо
Тавре медонем, то фардо ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Белоруссия дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд ва ҳамкорони мо низ ба ин муносибат дар барномаи “Иқтисод ва молия”, ки соати 10:40 пахш мешавад, ҳамкориҳои дуҷониба бо ин кишварро баррасӣ мекунанд.
Одобу рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ як мавзӯи доғ боқӣ мемонад ва дар нашри навбатии “Этикет” ҳамин мавзӯъро пайгирӣ мекунем. Барномаро соати 11:40 бишнавед.
Дар соати 12:15 барномаи “Аз табори Хуршед”, соати 13:10 барномаи “Фасоҳати калом”, дар соати 13:40 барномаи “Ҳамзамон” ва дар соати 15:10 барномаи “Меҳвар”-ро гуш карда метаваонед.
Вобаста ба мавзӯъҳои “Сафари қарибулвуқуи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба Туркия” ва “Нишасти навбатии музокироти сулҳи Афғонистон дар Туркия” Шумо дар нашри навбатии радиомаҷаллаи “Бозтоб”, ки дар соати 18:50 нашр мешавад, маълумоти муфассал гирифта метавонед.
Ҳамин тавр, дигар барномаҳоро ҳамарӯза дар мавҷи 104,7 fm ва хабару гузоришҳои моро дар сомонаи https://radiotoj.tj/ ва дар саҳифаҳои Радиои Тоҷикистон дар Фейсбук, Инстаграм, Ютуб ва Телеграму Твиттер пайгирӣ карда метавонед.