Иқбол Илёсзода (Тешаев) – сухангӯйи МИҲД Исфара субҳи имрӯз дар синни 51-солагӣ даргузашт.
Бино ба иттилои расонаҳо Иқбол Тешаев давоми як рӯзи гузашта дар шӯъбаи эҳёи Бемористони марказии шаҳри Исфара бистар буд ва сабаби даргузашти ӯро “норасогии кори дилу рагҳо” шарҳ додаанд.
Иқбол Илёсзода хатмкардаи бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва аз ҷумлаи фаъолтарин сухангӯйи мақомот ба ҳисоб мерафт.
Ҳайати эҷодии Радиои “Тоҷикистон” аз марги ҳамкасби худ сахт андуҳгин буда, ба ӯ ҷаннати абад ва ба наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд. Иқбол Илёсзода дар саҳифаҳои таърихи журналистикаи тоҷик бо кору пайкори худ ҷовидона сабт хоҳад шуд.