КҲФ: бо вуҷуди таъкидҳои пайваста шаҳрвандон нисбат ба офатҳои таббиӣ беаҳамиятанд

Баҳри пешгирии офатҳои таббиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, чораҳои зарурӣ меандешад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар давоми соли 2020 бар асари офатҳои таббиӣ чандин манзилҳои истиқоматӣ, майдони кишти пахта, ғаладона, чорвоҳои калону майдаи шохдор ва боғоти зиёди ангурзорҳо зарар диданд.

Офатҳои таббиӣ дар кишвар ҳамасола зиёд рух медиҳанд, ки бар асари он чандин макону манзилҳои зист ва майдони боғу токзорҳо хароб гардида, ба буҷаи ҳар як оила хисороти моддиву молиявӣ меорад. Ҳарчанд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ба амал меомадаро тариқи расонаҳои хабарии кишвар ба таври эҳтимолӣ иттилоъ медиҳад, лекин аз рӯйи беаҳамиятии баъзе аз шаҳрвандон макони зисташон хароб гардида,хисорот мебинанд.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати мамлакат мегӯяд, дар давоми соли 2020 дар натиҷаи офатҳои таббиӣ 141 хонаҳои истиқоматӣ (аз ин 41 хона пурра ва боқимондаи он қисман) зарар диданд. “Ҳамзамон, бар асари ин офатҳо 22 мактаб, 89 км роҳҳои маҳалӣ, 14 адад пулҳои мошингузар, 13239 га боғу ангурзорҳо зарар дидаанд. Бар асари офатҳои таббиӣ 789 сар чорво (21 сар ҷорвои калони шохдор, 768 нафар чорвои майда) талаф ёфтанд”, – мегӯяд Рустам Назарзода.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2020 бар асари офатҳои таббиӣ 8 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки ин нишондод нисбати соли 2019 камтар мебошад. “Дар соли 2020 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ 213 ҳодисаҳои фавқуллода ва ҳолатҳои хусусияти таббиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 25 ҳолати фавқуллода ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар ба маблағи 58911400 сомонӣ зарарӣ молиявӣ расонидаст”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки моҳи майи соли 2020 бар асари боришоти зиёди борон ва омадани сел хонаҳои истиқоматии сокинони ноҳияи Хуросон хароб гардида буданд. “Аммо бо ғамхориву дастгирии давлатуҳукумати мамлакат дар муддати кӯтоҳ хонаҳои истиқоматии ба тарзи замонавӣ сохта, ба ҳар як сокини зарардида, ҳуҷраҳои ба тарзи шароитҳои хубу мусоиди замони муосир тақдим карда шуд, ки дар ин замина аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати кишвар низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд”, – мегӯяд Муҳамадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзи 14 майи соли 2020 бо супориши раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мутахассисон ва наҷотдиҳандагони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда, худи ҳамон рӯз 700 нафар сокинонро ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Дар баробари ин, рӯзи 18-уми май дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд ва аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар навбати аввал барои бартараф кардани ҳолатҳои табии 17 ҳазор сӯзишворӣ ва маводҳои зарӯрӣ ҷудо карда шуда ба аҳолӣ дастрас карда шуданд.

Инчунин, мавзеъ муайян карда шуд ва ба аҳолӣ заминҳои наздиҳавлигӣ дар масоҳати 8 сотиқ ҷудо гардиданд. Сохтмони манзилҳои истиқоматӣ аз 6-ми июн оғоз гардида, санаи 24-уми август пурра сохта шуда, рӯзи 1-уми сентябр бо иштироки сарвазири мамлакат мо ин манзилҳои  истиқоматиро ба ҳар як сокини зарардида, як ҳуҷрагӣ тақдим карда шуданд.

Ба таъкиди масъулин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар давоми соли 2020 нафарони зиёдеро аз марг наҷот дода, дар соли 2021 ба нақша гирифтааст, ки камбудиҳои соли қаблиро рафъ намуда, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ миёни мардум аз ҳолатҳои ногувор ва басомадҳое, ки аз холатҳои табии ба вуҷуд меоянд, бартараф намуда, баҳри зиндагии осоиштаи шаҳрвандони мамлакат шароити хубу мусоид фароҳам овард.

Комрони АБДУВАЛӢ

Манбаъ: sadoidushanbe.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *