Имрӯз Шоҳин Саидзода, диретори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм зимни нишасти хабарии ин ниҳод аз чанд омиле номбурд, ки ба сатҳи таълиму тарбия ва донишандузии хонандагон дар муассисаҳои таълимь таъсири манфӣ мерасонанд.
Аз ҷумлаи ин омилҳо, то имрӯз дар муасисаҳои ҷой доштани фаъолияти омӯзгорони ғайрикасбӣ ва омӯзгорони ғайриихтисос, ҷорӣ нагардидани системаи кабинетӣ, набудани таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ, омӯзишгоҳҳо, зиёд будани теъдоди хонандагон дар синфхонаҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани теъдоди кадрҳои омӯзгории дорои таҳсилоти олии касбии ихтисосманд, норасоии китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва синфхонаҳои таълимӣ ба шумор мерафтаанд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2020 тибқи нақша санҷиши сатҳи сифати таҳсилот ва донишазхудкуниро дар 20 муасисаи таълимии ҷумҳурӣ гузаронид. Инчунин зимни гузаронидани аттестатсияи давлатии муасисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сатҳу сифати таҳсилот ва донишазхудкунии хонандагон дар 520 муасисаи таълимӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Шоҳин Саидов
радиои “Тоҷикистон”