Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 имрӯз оғоз мешавад

Имрӯз дар Душанбе ва Ҳисор бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 шурӯъ мешаванд.

Дар даври якуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки шурӯъ мешавад, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ду бозии гурӯҳи “А” байни дастаҳои КМВА – «Истиклол» ва «Равшан» – «Мастчоҳ» баргузор мешавад. Бозии дастаҳои гурӯҳи “Б” миёни «Барқчӣ» ва «Хатлон» бошад, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир хоҳад шуд.

Бино ба иттилои ФФТ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки аз 11 то 20 феврал баргузор мешавад, ҳафт дастаи беҳтарини марҳилаи минтақавии мусобиқа иштирок доранд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои КМВА (Душанбе), “Равшан” (Кӯлоб), “Мастчоҳ” (Мастчоҳ), “Истиқлол” (Душанбе) ва дар гурӯҳи “Б” бошад дастаҳои “Барқчӣ”(Ҳисор), “Хатлон”(Бохтар) ва “Регар-ТадАз”(Турсунзода) баромад хоҳад намуд.

Бояд гуфт, ки тибқи низомномаи баргузории Ҷоми ФФТ-2021 аз ҳар гурӯҳ ду дастагӣ ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоии мусобиқа рӯзи 20 феврал дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.

Қобили қайд аст, ки имсол мусобиқаи мазкур ҷашнӣ буда, барои бори 10-ум баргузор мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *