Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, то ҷиҳати такмил ва мукаммалгардонии лоиҳаи пешакии Кодекси андоз дар таҳрири нав таклифҳои худро пешниҳод намоянд.
Ба иттилои Вазорат лоиҳаи пешакии Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда шуда, барои баррасии омма дар сомонаи www.itcmf.tj/kodeks ҷойгир карда шудааст.
Лоиҳаи мазкур ҳуҷҷати ниҳоӣ набуда, дар доираи таклифу пешниҳоди асосноки Шумо такмил дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати такмил ва мукаммалгардонии лоиҳаи мазкур таклифҳои мутобиқи намунаи дар сомонаи www.itcmf.tj/kodeks ё ба тариқи хаттӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Академик Раҷабовҳо 3 ирсол ирсол карда шавад.
Муҳлати пешниҳод то 25 феврали соли 2021.