Варзишгарони тоҷик ба Қирғизистон мераванд

Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин дар мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ иштирок мекунанд.

Ин мусобиқа аз имрӯз то рӯзи 22 январ дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон  идома хоҳад кард ва дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат мекунанд. Тавре аз Кумитаи олимпии кишвар хабар додаанд, аз ҷумҳурии мо ду варзишгар – Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин – ба мусобиқаи мазкур сафарбар гардиданд. Хароҷоти сафари варзишгарон аз ҳисоби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Пекин-2022 пардохт мегардад.

Мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *