70% моҳии ҷумҳурӣ аз вилояти Хатлон содирот шуда, воридоти гӯшти мурғ ба ин минтақа 30% кам шудааст.
Аз тарафи соҳибкорони вилоят дар масоҳати 2234 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар ин ҳавзҳо моҳиҳои зоти амури сафед, пешонағафс, пешонасафед, зағорамоҳӣ парвариш карда шуда, сокинони вилоят ва пойтахти мамлакатро бо гӯшти моҳӣ таъмин намуда истодаанд.
Ба иттилои Мақомоти вилояти Хатлон дар рушди соҳаи моҳипарварӣ саҳми соҳибкорони аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ноҳияи Фархор ва дигар минтақаҳои вилоят назаррас арзёбӣ мешавад.
Дар баробари ин, гуфта мешавад, ки давоми тайи се соли охир аз тарафи соҳибкорони вилояти Хатлон 6 адад фермаи парандапарварӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Ин корхонаҳо имконияти парвариши780 ҳазор сар паранда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо гӯшти хушсифат ва тухмро доранд. Тибқи маълумоти омори гумрукӣ, ба ҳудуди вилояти Хатлон соли 2020 воридоти гӯшти мурғ 30 фоиз кам шуда, тухми паранда умуман ворид нагардидааст.