Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ 5 нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 7 январи соли равон дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ дар мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб мошини тамғаи Opel Astra G, ки аз ҷониби сокини ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба ҷарии 400 метр сарозер шуд. Дар ин садамаи мудҳиш 5 нафар, аз ҷумла худи ронанда ба ҳалокат расиданд. Бузургсолтарини онҳо ронанда ва хурдсолтарини онҳо Сайида ном духтарчаи ҳафтсола будааст.
Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон дар водии Зарафшони вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расиданд, вале танҳо мошинро аз сар задани сӯхтор пишгиртӣ намуданду як нафар мусофирро, ки ҷароҳати вазнин бардошта буд, баъди раоснидани ёрии аввалияи тиббӣ ба духтурон супориданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз рондагоне, ки дар ин рӯзҳои сарду яхӣ азми сафар доранд, хоҳиш мекунад қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд, хеле эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.