Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маъракаи ҷамъоварии пахта идома дорад. Имсол дар ноҳия майдони кишти пахта васеъ шуда, кишоварзон барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз навъҳои ба шароити маҳал мутобиқ ва усули кишти зери плёнка истифода мебаранд.
Дар хоҷагиҳои ноҳия тухмии навъҳои «Хуҷанд», «Бухоро», «Флеш» ва «Дӯстӣ» кишт шудааст. Кишоварзон бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво талош доранд, ҳосилро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Тибқи дурнамои имсола, дар ноҳия истеҳсоли 16 ҳазору 700 тонна ашёи хоми пахта пешбинӣ шудааст. Айни замон ҳамарӯза аз 150 то 180 тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад.
Дар ҷамоати деҳоти Вахшон 548 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, самти асосии фаъолияти аксари онҳо пахтакорӣ мебошад. Имсол дар ҳудуди ҷамоат дар майдони 1391 гектар пахта кишт шудааст, ки 600 гектари онро кишти зери плёнка ташкил медиҳад.
То имрӯз дар ҷамоати деҳоти Вахшон беш аз 515 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, чинакчиён ҳар рӯз аз 45 то 50 тонна ҳосил мегундоранд. Дурнамои истеҳсоли пахта дар ҷамоат 3186 тонна муайян шудааст.
Раиси ҷамоати деҳоти Вахшон Абдулҳафиз Гулаев мегӯяд, дар хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳомид» пахта хуб нашъунамо карда, интизор меравад, ки аз ҳар гектар на камтар аз 35 сентнер ҳосил ба даст оварда шавад.
Хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳомид» аз хоҷагиҳои намунавии ҷамоат ба ҳисоб меравад. Дар ин хоҷагӣ имсол дар майдони 6 гектар навъи «Дӯстӣ» кишт шудааст. Аз чиниши аввал дар баъзе қитъаҳо аз ҳар гектар 15 то 27 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.
Деҳқони хоҷагӣ Маҳмадхӯҷа Ҳомидов мегӯяд, ки 11 сол боз ба пахтакорӣ машғул аст. Ба гуфтаи ӯ, пас аз санҷиши навъҳои гуногун, навъи «Дӯстӣ» ба шароити замини хоҷагӣ бештар мувофиқ омадааст.
Дар ҷамоати деҳоти Меҳробод низ хоҷагии деҳқонии «Олим» аз аввалинҳо шуда, дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро кардааст. Хоҷагӣ соли дуюм аст, ки усули кишти зери плёнкаро истифода мебарад. Имсол дар майдони 8 гектар пахта бо ин усул кишт шуда, аз чиниши аввал ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 21,7 сентнер ҳосил ба даст омадааст.
Кишоварзони хоҷагӣ ҳадаф доранд, ки дар давоми маъракаи ҷамъоварӣ ҳосилнокиро то 45 сентнер аз ҳар гектар расонанд.
Ҳоло дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии пахта идома дошта, кишоварзон талош доранд, аз рӯзҳои мусоиди мавсим самаранок истифода бурда, ҳосили парваришшударо сари вақт ҷамъоварӣ ва корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳияро бо ашёи хом таъмин намоянд.
М. Акрамов
