Имрӯз, 16 сентябр, аз соати 10:00 то 17:00 дар баъзе қитъаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинобар корҳои таъмиру профилактикӣ интиқоли неруи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.
Маҳдудияти интиқоли барқ қисман кӯчаҳои Р. Набиев, Фурӯзон, А. Ҷомӣ, Б. Ғафуров, Испечак, Қазоқон ва Ф. Маҳмадиев, инчунин маҳаллаҳои Балх, Ҷӯйбодом, Арбобхотун, Чорути боло, Чорути поён ва Роҳи навро фаро мегирад.
