35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЛОНДОН БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

4 сентябр дар шаҳри Лондон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони аршади Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳида, Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушд, вакилону лордҳо, намояндагони вазорату идораҳо, аъзои корпуси дипломатии муқими Лондон, намояндагони бахши хусусӣ, расонаҳо, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳамватанони муқими Британия иштирок намуданд. Чорабинӣ бо суханронии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳида Рухшона Эмомалӣ оғоз гардид.

Дар идома барномаи фарҳангӣ бо иҷрои сурудҳои тоҷикӣ ва асарҳои опера баргузор шуда, ба меҳмонон фарҳангу ҳунари миллии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ намоиши маҳсулоти ватанӣ ва гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд.