Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдак ба синфи якум қадам гузоштанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи маълумоти Вазорат, имсол кӯдаконе ба синфи якум қабул гардиданд, ки то 31 декабри соли 2019 таваллуд шудаанд. Кӯдаконе, ки аз 1 январи соли 2020 ва баъд аз он таваллуд шудаанд, метавонанд аз соли таҳсили оянда ба синфи якум қабул шаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз 18 то 29 август дар муассисаҳои таълимии кишвар давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум баргузор гардид. Ин давра барои он пешбинӣ шуда буд, ки кӯдакон пеш аз оғози расмии соли таҳсил ба реҷаи нави рӯз, муҳити мактаб, омӯзгорон, ҳамсинфон ва қоидаҳои муассисаи таълимӣ одат кунанд.
Тибқи тавсияи мутахассисон, чунин мутобиқшавӣ ба омодагии равонӣ, физиологӣ ва иҷтимоии кӯдакон ба оғози ҳаёти мактабӣ мусоидат мекунад.
